Нақли қавлҳое аз мунаққидони театрӣ пас аз тамошои намоишномаҳои “Аҳорун”


       “Коргардон эҳсосоти мо – тамошобинонро чунон таконе мебахшад, ки мо дубора пок мешавем, сипас дар ҷараёни намоишнома мо дарди риққатбори талафотро эҳсос мекунем ва бо эҳсоси тасфия ва тазкияи нафс ошно мешавем, эҳсоси хушбахтӣ аз он, ки зебоӣ, ишқ ва меҳре ки дар дунё мунҳал шудааст, решаканнопазир аст. Ва ба ин хотир Юсуфи гумгашта ба Канъон боз меояд...”

       “Ҳолати боварнокардание рух медиҳад, фурӯрехтагиҳо ба умқи бекаронаи қарнҳо боз мешаванд, рӯзгори кӯҳан ба мо аз чашмони хаёлии боз ва беолоиши ҳунармандон назар медӯзад..”

       “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...” ба таври қатъӣ аз раванди бениҳоят бомуваффақи бунёди мактаби миллии коргардонӣ дар Тоҷикистон садо баланд кард ва ин мактаб дар ҳама сутӯҳ рақобатпазир аст.”

       Фаррухи Қосим бояд театр ё истудиёи худро дошта бошад, ки аз ҳамфикронаш иборат аст, ҳамфикроне, ки ба монанди худи ӯ, бе худхоҳӣ ба ҳунар вафодор бошанд.

       Дар “Исфандиёр” ғазаб, хашм ва ҳурмат дар сурати бераҳмона зебо намоиш дода мешавад, ки дилро ба таври тарснок мафтун мекунанд. Аз саҳна нафаси Шарқи ромношуда, таскиннадида ва ботакаббур медамад.

       «Театр эътиқодро гум када буд, театр суханро гум карда буд, театр оҳангро гум карда буд. Аммо “Аҳорун” эътиқод, сухан, ҳаракат ва оҳангро зинда кард. Асрори гумшудаеро падид овард, моро бори дигар бо худ ошно кард.”



























       “Мансури Ҳаллоҷ дар ҳоле ки ҷон медод, ҳамқавмони худро ки ӯро сангсор мекарданд, пҳил кард, зеро аз сабаби нодонӣ онҳо дарк намекарданд, ки чи кор мекунанд. Танҳо як нафар бо идрок ба сӯйи устодаш гул партофт ва Мансури Ҳаллоҷ ӯро пҳил накард, зеро хиёнат дарди ваҳшатноктар аз дарди ҷисмонӣ аст.”