Намоишномаҳо барои кӯдакон


   Ин театри давлатиии таҷрибавӣ барои тамошобини ҷавон аст ва дар канори намоишномаҳо барои ҷавонон ва бузургсолон театри “Аҳорун” намоишномаҳои ҷаззоб, омӯзанда ва ҳамзамон сархушкунанда барои кӯдакон пешниҳод мекунад ва ин корро яке аз бахшҳои аслии кори худ медонад.

   Коргардонҳои театр намоишномаҳои кудаконаро аз миёни асарҳо ва афсонаҳои нависандагони адабиёти ҷаҳонӣ интихоб карда ва ин қиссаҳоро ба сурати пазиро барои тамошобини ҷавони тоҷик рӯйи саҳна меоранд.

   Гурӯҳи театрӣ ва студияи театрӣ ҳар сол фақат ду то се намоишномаи кӯдакона таҳия мекунад ва ин намоишномаҳоро дар мактабҳо ва муассисаҳои кӯдаконаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пешкаши кӯдакон мекунад.

   Гурӯҳи театр дар шоу ва намоишномаҳои ҳирфаии ҷашнӣ дар хиёбон ва майдонҳои шаҳр ширкат мекунад.