Ифтитоҳи теотри "Аҳорун" пас аз бозсозӣ


  Теотри ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё “Аҳорун” пас аз солҳои тулони соҳиби саҳнаи худ шуд. Ин теотр пас аз бозсозии бинои синамои “Горкий”, воқеъ дар хиёбони Раҳмон Набиев, дар ин бино оғоз ба кор кард.

  Талош барои таъмири ин бино ва муносиб сохтани он барои фаъъолияти теотр аз 5 соли ахир бадин сӯ идома дошт ва ахиран бо маблағгузории шаҳрдории Душанбе ба поён расид.

  Маросими ифтитоҳи он бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Қобили зикр аст, ки “Аҳорун” нахустин теотрест, ки дар маросими ифтитоҳи он раиси ҷумҳури Тоҷикистон ширкат кардааст.

  Оқои Раҳмон дар суханронии худ дар ин маросим гуфт, ки фаъъолияти теотри “Аҳорун”, ки умдатан бо мутуни адабиёти клоссики форсӣ-точикӣ кор мекунад, барои бозтавлид ва тақвияти фарҳанги волои форсӣ тоҷикӣ дар миёни тамошочиёни тоҷик муфид аст.

  Ӯ аз ҷумла гуфт: “Театри «Аҳорун» дар тамоми давраи фаъолияташ шахсиятҳои бузургеро, ки ғояҳои онҳоро адабиёти классикии мо тарғиб намудааст, васф менамояд. Мо бо театри «Аҳорун» ифтихор менамоем. Итминони комил дорам, ки бинои нави театр ба кулли ҳунармандону пайвандони ин боргоҳи маърифат илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба офаридани асарҳои наву тозаи талқингари фарҳангу ҳунари баланди миллӣ ва тарғибгари худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят месозад.”




















  Оқои Раҳмон дар мавриди сифати бинои тармимёфта итбрози назар карда ва пешниҳод кард, ки саҳнаи теотр бозсозӣ шавад. Ӯ бархе аз масъулини давлатиро муваззаф кард, ки таҷҳизоти саҳнавиро барои теотри “Аҳорун” фароҳам кунанд.


  Теотри “Аҳорун” якуми январи соли 1990 дар заминаи театр-студияи таҷрибавии Фаррухи Қосим, дар назди ҳукумати шаҳри Душанбе таъсис шуд.

  Ин теотр то соли 2009 саҳнаи Иттиҳодиси нависандагонро ба иҷро гирифта ва фаъъолият дошт.

  Намоишномаҳои Фаррухи Қосим ва театри “Аҳорун” тавассути шева, мусиқӣ, ритм ва фалсафаи тоза, ҷараёне нав дар роҳи таъсиси театри миллии Тоҷикистонро мушаххас кард.

  Фаррухи Қосим 7-уми феврали соли 2010 даргузашт, вале аз худ мероси ғанӣ барои фарҳанги тоҷик, аз ҷумла мактаби театри миллии тоҷикро боқӣ гузошт. “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон...”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шайх Санъон”, “Шоҳ Фаридун” ва “Шоҳ Лир” аз ҷумлаи намоишномаҳои ин театр дар таҳияи Фаррухи Қосим, барандаи ҷоизаҳои зиёде дар ҷашнвораҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ шуданд.

  Театр-студияи “Аҳорун”, ки аз соли 2007 бо номи Муҳаммадҷон Қосимов - падари Фаррухи Қосим ёд мешавад, мактаби театри Фаррухи Қосимро аз роҳи ба саҳна гузоштани намоишномаҳо ва тадриси донишомӯзон, зинда нигоҳ медорад.