Пешгуфтор


  "Ҳар боре, ки дар толори теотр тамошобин ҷамъ шуда ва пардаи саҳна кушода мешавад, беихтиёр ин байтҳои Мавлоно Балхӣ ба ёд меояд:


     Кароне надорад биёбони мо,
     Қароре надорад дилу ҷони мо,
     Ҷаҳон дар ҷаҳон нақшу сурат гирифт,
     Кадом аст з-ин нақшҳо они мо...
                           



  Оё рӯзе мерасида бошад, ки теотри тоҷик бар пояи ин матн бинои ҳунари теотри худро созад?...


  Аввалин ва бузургтарин мусиқии илоҳӣ, мусиқии кайҳон, садои хомўшист. Мо аз хомўшӣ падид омадаем ва дар хомўшӣ нопадид мешавем. Xомўшӣ садои зодгоҳи руҳонии мост ва мо дар уқёнуси бекарони хомўшие, ки пур аз гавҳари савту наво ва назм аст, ба назми бузурги Мавлонои Балх рӯ меорем. Мо мисли атфол ҳастем, ки дар биёбон уфтода ва бими гум шудан дар ин паҳнои бекаронро дорем ва назми Мавлоноро садо мекунем ва ашъори илоҳӣ ва кайҳонии ў, мисли сафинаест дар уқёнус, ки моро аз маҳв шудан наҷот медиҳад ва моро ба сўйи он ягона мақсаде, ки наҷоти башар аст, ба сўйи Ягонагӣ мебарад."
                                                                                                      Ф. Қосим