"Театри Фаррухи Қосим" ё мактаби театрии ӯ


    Фаррухи Қосим наҳваи мунҳасир ба фард дар заминаи бознигарии халлоқонаи феҳристи намоишномаҳои мунтахаб дошт ва ин боиси навовариҳо дар театри тоҷик шуд.



   Зебоишиносӣ дар намоишномаҳои Қосим аз театри клоссики Урупо ва ҳам аз шеваи воқеъиятнигории шӯравӣ мутафовит буда ва аз он чи - тасаввури Урупо дар бораи Шарқ унвон мешавад, фарсахҳо дур аст. Ин коргардон дар ороиши саҳна, тарроҳии либос ва нур - дар ҳама чиз, ба ҷуз аз ғановати муҳтаво ва дром, риёзатро интихоб мекунад. Бартарии ҷон ва талош барои камолот - пояи аслии системи фалсафаи суфизм ва тимсолҳои шеъри форсӣ аст ва намоишномаҳои Фаррухи Қосим моро мутмаъин месозанд, ки ҳаминҳост, ки театри муосир низ бояд бар пояи ҳаминҳо шакл бигирад.

Aharoun      Aharoun      Aharoun     











   Театри Фаррухи Қосим ба саволҳои кӯҳнаи фалсафӣ посух меҷӯяд, ки ин амр барои зеҳнияти расмӣ ва сиёсӣ бегона аст. Ӯ аз тамаддунҳои Осиёи Марказӣ ва фарҳанги исломӣ ва қабл аз исломии форсӣ илҳом мегирад. Аммо ҳунари Фаррухи Қосим бо ин маҳдуд намешавад. Ӯ захоир, наҳваи кор, мафоҳими фалсафӣ ва манобеъи адабиро мудом ба худ дар мекашад. Бо ин наҳва дар соли 2003, театри “Аҳорун” ба тамошобини урупоӣ “Шоҳи Лир”и тоҷикиро намоиш дод, ки дар он Фаррухи Қосим байтҳои муносиб аз достони мушобеҳе дар “Шоҳнома”-и Фирдавсиро ба матни Шекспир ворид карда буд.

   Аммо сипас Қосим ва гурӯҳи вай дар Душанбе асареро ба саҳна меоранд, ки бар асоси мутуни муқаддаси зартуштӣ - “Авасто” таҳия шудааст.

Aharoun Aharoun

Фаррухи Қосим саддҳои гӯӣ ҳалношуданӣ байни Шарқ ва Ғарб, байни динҳо ва фарҳангҳоро талош кард мунҳал кунад ва кӯшид, ки бо истифода аз хиради инсонии фарҳангҳои мухталифи қадим ба саволҳои имрӯз посух пайдо кунад ва ба фардо чашм андозад. Маҳз Фаррухи Қосим буд, ки театри тоҷик тавонист ҳуввияти миллӣ пайдо кунад ва ҳамзамон ба сурати табиъӣ бо ҷунбиши театрии ҷаҳоние даромезад, ки марзҳои пойдори байни фарҳангҳо ва миллатҳоро ба нестӣ мебарад.




Порае аз рисолаи илмии Елена Эдгар “Ҳунари коргардонӣ дар Тоҷикистон, 1980-1990”